Соли равон ба Прокуратураи генералӣ 17 шикояти марбут ба истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ворид шуда, дар ҳафт ҳолат онҳо тасдиқ ва барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ асос шуданд, - изҳор кард зимни нишасти матбуотӣ муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Воҳидов.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон ддар прокуратураи ноҳияи Ёвон мутобиқи моддаи нави КҶ ҶТ «Шиканҷа» як парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дигар ҳодисаҳо то ворид шудани ин модда ба кодекс мавриди тафтишот қарор гирифта буданд ва тибқи моддаи 316-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) баррасӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов изҳор карда буд, ки соли равон шаш кормандони милиса дар истифодаи методҳои ғайриқонунии тафтишот нисбат ба боздоштшудагон гумонбар дониста шуданд. «Инҳо кормандони ШВКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Мирзораҳимов ва Ғаюров, ШВКД-и ноҳияи Ҳисор Камолов ва Қурбонов, Қудратов аз ШВКД-и шаҳри Хуҷанд ва корманди милисаи ШВКД-и ноҳияи Роштқалъа Алишоев мебошанд», - номбар карда буд вазир.

Дар гузориши чанде қабл интишорёфтаи созмониАфви Байнулмилал зикр гардида буд, ки шиканҷа, латукӯб ва намудҳои дигари бадрафторӣ дар тавқифгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта, дар муҳити фарогири фасод ва бемасъулиятӣ рушд кардаанд.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералӣ, соли равон бу гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои гуногун дар маҷмӯъ 73 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд, ки  43 нафарашон хизматчиёни Вазорати мудофиа, 25 нафар кормандони ВКД, 3 намояндаи КДАМ, 2 корманди прокуратура ва як корманди Агентии назорати маводи нашъаовар мебошанд.