Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ дурустии истифодаи қонуни афв ба муносибати 20-уминсолгарди ҷашни Истиқлолро мавриди санҷиш қарор дода, дар шаҳри Душанбе 10 далели ғайриқонунӣ озод шудани маҳбусон аз зиндонро ошкор намуданд.

Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии мазкур Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки инҳо асосан маҳбусоне мебошанд, ки барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

Сардори Раёсати тафтишоти агентӣ Ҷамолҷон Муборов дар робита ба ин масъала гуфт, дар маҷмӯъ бо сабаби беморӣ 135 нафар афв шуда, аксари онҳо пас аз озодӣ дарҳол қаламрави кишврро тарк кардаанд, аз ин рӯ, тахмин кардан дар бораи мавҷуд будани маҳбусоне миёни онҳо, ки ғайриқонунӣ афв шудаанд, душвор аст. «Мо 36 нафар маҳбусони бо сабаби беморӣ афвшударо санҷида, зимни ташхиси такрорӣ ошкор гардид, ки 10 нафари онҳо комилан солим буда, бо маълумотномаҳои сохтаву бардурӯғ аз маҳбас озод шудаанд. Онҳо ба маҳбас барои идомаи адои муҳлати ҷазо баргардонида шуданд», - гуфт вай.

Ғайр аз ин, идома дод Муборов, пас аз ин далел комиссия маҳбусони бемореро санҷид, ки мавриди афв қарор нагирифтаанд ва муайян кард, ки 9 нафари онҳо дарвоқеъ ҳам беморанду бо сабабҳои номаълум афв нашудаанд. «Пас аз дахолати мо онҳо озод гардиданд», - иброз дошт ӯ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ду ҳолат нисбат ба шаш нафар парвандаи ҷиноӣ боз гардид, ки панҷ нафар аз онҳо кормандони тиббӣ буда, дар бораи вазъи саломатии маҳбусон маълумотномаҳои қалбакӣ додаанд. Ғайр аз ин, прокурор оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аз мансаб сабукдӯш шуд.