Дар фурудгоҳи Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Фирӯза Дамоноваи 23-сола ва Саида Устоҷоноваи 21-сола боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни азназаргузаронии гумрукии мусофирони хатсайри Душанбе-Нижний Новгород, дастгоҳи рентгенӣ дар дохили ҷисми онҳо мавҷуд будани предмети бегонаро ошкор намуда, минбаъд аз дохили меъдаи онҳо 151 адад ғилофаки (капсулаи) дорои маводи нашъаовари героин берун оварда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, вазни умумии героини мусодирашуда 1,1 килоро ташкил додааст. «Духтарон ба гуноҳи худ иқрор шуда, мегӯянд, ки онҳо ба доми фиреби ашхоси ношинос афтодаанд. Ба онҳо барои расонидани ин миқдор маводи мухаддир ба Русия мукофотпулии хеле зиёд ваъда додаанд», - гуфтанд дар хадамоти гумрук.