Кормандони милисаи Ҳисор ду нафар духтарони маҳаллиро барои ғоратгарӣ дар рӯзи равшан боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба ШВКД дар ноҳияи Ҳисор аз маъмурияти мактаби таҳсилоти умумии №61-и ҳамин ноҳия муроҷиат шудааст, ки рӯзи 28-уми ноябр хазинадори мактаб Бобоназар Тошпулотов дар асоси чеки пулӣ барои пардохти маоши кормандони мактаби мазкур аз шуъбаи «Амонатбонк» 19 ҳазору 127 сомонӣ маблағ гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, наздики шоми ҳамон рӯз дар бозори марказии шаҳри Ҳисор 2-нафар зан бо тариқи зӯроварӣ пулҳои дар дохили селофан будам ӯро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ сокини 22-солаи деҳаи Чинори Сӯхта Шаҳноза Каримова ва сокини кӯчаи Какановичи ноҳияи Ҳисор Ситора Исмоиловаи 23-сола дастгир карда шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.