Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ нисбати 7 нафар ба гумони узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа, судяи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров иттилоъ дод, ҳукм нисбати айбдоршавандагон ахири ҳафтаи гузашта дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии №2-и шаҳри Хуҷанд содир гардид. Миёни айбдоршавандагон се нафар занону як нафар ноболиғ низ ҳузур доранд.

Ба гуфтаи номбурда, соли 2000-ум онҳо ихтиёран ба сафи созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба ҷалби аъзои нав, таблиғи афкору ғояҳои созмони мазкур ва паҳн намудани варақаҳои мазмуни ифротгароӣ машғул будаанд.

«Аксари онҳо дар ташкил ва иштирок дар гурӯҳҳои ифротгаро, барангехтани низоъи милливу нажодӣ ва мазҳабӣ, даъват ба тариқи зӯроварӣ барҳам додани сохти конститутсионӣ ва даъват ба анҷом додани амалҳои ифротгароӣ муттаҳам карда мешаванд», - қайд кард Аҳроров.

Ба иттилои судя, сокини 28-солаи шаҳри Исфара Мавлониддин Эрматов ва сокини 36-солаи ноҳияи Зафаробод Сатторқул Холиқов ҳар кадоме ба 3 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардиданд.

«Ду нафар сокинони шаҳри Чкаловск – Ислом Бобоеви 16-сола ва Суҳроб Ҳафизови 18-сола ба 6 ва 10 соли зиндон маҳкум гардида, муҳлати ҷазоро мутаносибан дар муассисаи реҷаи тарбиявӣ ва маҳбаси низомаш пурзӯр адо мекунанд», - гуфт вай.

Ба қавли Аҳроров, суд ҳамчунин се нафар занон – Муҳайё Ҳафизоваи 39-сола, модари Суҳроб Ҳафизовро ба муддати 12 сол, Муҳаббат Ҳафизоваи 28-соларо ба муҳлати 10 сол ва Мунира Бобоеваи 40-сола, модари И.Бобоевро ба муҳлати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда, муҳлати ҷазоро онҳо дар зиндони реҷаи умумӣ адо хоҳанд кард.

«Ҳукми суд ҳоло ҳукми қонунӣ нагирифта, аз болои он шикоят бурдан имконпазир аст», - афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки қисмати дигари гурӯҳ иборат аз 10 нафар аллакай маҳкум гардида, дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд.

Созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» соли 1952 дар Фаластин таъсис дода шуд. Ҳадафи аслии созмон барҳам додани сохти конститутсионӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ва бунёди халифат аст. Дар аксари кишварҳо созмони мазкур террористӣ эътироф шудааст. Соли 2001 дар Тоҷикистон низ фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» мамнӯъ эълон гардид. Соли 2008 «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро шомил гардида, аъзои фаъоли он таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти прокуратураи вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон нисбат ба 56 нафар аъзои фаъоли созмонҳои динии ифротгаро, ки сокинони вилоят мебошанд, парвандаҳои ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор гирифта, ба судҳо ирсол гардидаанд.