Дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд як корманди «Амонатбонк» мавриди ғорат қарор гирифт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ,  ба гумони даст доштан дар ин амал кормандони милиса Набиҷон Отамуродови 280сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро боздошт намудаанд.

«Нимаи рӯзи 9-уми декабр боздоштшуда дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ба корманди филиали «Амонатбонк» дар Хуҷанд Матлюба Файзиева дарафтода, бо роҳи зӯроварӣ ҳамёнашро аз ӯ мегирад, ки дар он 44 ҳазор рубли русӣ, 300 доллари ИМА ва 147 сомонӣ маблағ мавҷуд будааст ва сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад», - хабар медиҳад ВКД.

Зимнан зикр карда мешавад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.