Парвандаи ҷиноӣ оид ба марги хеши президенти Тоҷикистон, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафарови 57-сола «махфӣ» эълон шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Диловаршо Қосимов, гумонбар ба ин куштор хабар дод.

«Аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ин парванда рӯзи 26-уми ноябр «махфӣ» эълон шуд. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳангоми тафтишот маводе ошкор шудааанд, ки ба сирри давлатӣ мансубанд», - изҳор дошт адвокат ва таъкид намуд, ки Прокуратураи генералӣ аз адвокатҳои айбдоршаванда доир ба ифшо накардани маводи парванда баёнот гирифтааст.

Ба қавли адвокат, ахири моҳи ноябр ба зерҳимояи ӯ бар иловаи ду моддаи «одамкушӣ» ва «ғайриқонунӣ нигоҳдории аслиҳа» айбномаи нави серзанӣ пешниҳод кардаанд.

«Дар ҳамин ҳол, ба ман ҳамчун ҳимоятгар бар хилофи моддаи 53-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар ба дидори танҳо ба танҳо бо Қосимов иҷозат намедиҳанд. Наздиконаш бори охир моҳи ноябр бо ӯ дидор карданд. Қосимов то ҳол дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ нигоҳдорӣ мешавад», - гуфт ӯ.

Қудратов ҳамчунин иброз дошт, ки муҳлати будубоши зерҳимояи ӯ дар тавқифгоҳ то 13-уми январи соли 2013 дароз карда шудааст.

Дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ бо такя ба сирри тафтишот аз шарҳу тавзеҳи ин масъала худдорӣ варзиданд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.