Яке аз маҳбусони чанде қабл ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқолшуда ба нишони эътироз алайҳи истифодаи шиканҷаву кирдори бераҳмона аз ҷониби кормандони муассиса худро бо теғи поку (лезвие) захмӣ кардааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Ӯғулой Болтабоева, модари маҳбуси 30-сола Қурбоналӣ Болтабоев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, пас аз анҷоми давраи карантин дар муассисаи мазкур бародари бузургаш бо Қурбоналӣ дидор дошта, дар дасту пойҳои ӯ осори захми лату кӯбро дидааст. «Қурбоналӣ ба бародараш гуфтааст, ки ӯро ҳамеша мавриди фишору шиканҷа қарор медиҳанд, то ки иродаашро шикаста, ба мутеъ шудан водор созанд, зеро ӯ қоидаҳои тартибот дар зиндонро ба хубӣ риоя мекардааст», - гуфт модари маҳбус.

Модари маҳбус изҳор намуд, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ба ӯ хабар расидаст, ки писараш ба озору шиканҷа тоб наоварда, бо теғи поку қисмати шикам ва гарданашро буридааст.

Ба қавли модари маҳбус, соли 2008 Қурбоналӣ ба иттиҳоми ғоратгарӣ ва бандитизм ба муддати 24 соли зиндон маҳкум шуда, чор соли аввали ҷазоро дар муассисаи ислоҳии Ваҳдат адо кардааст ва сипас ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд гузаронида шудааст.

Сардори муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд Диловар Арабов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ин ҳодисаро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки субҳ Қ.Болтабоев ба шуъбаи навбатдорӣ даъват шуда, вале ӯ онро рад ва нисбати кормандони муассиса носазо гуфтааст ва аз ин рӯ, қарор шудааст, ки ӯро ба ҳуҷраи ҷаримавӣ равона намоянд. «Муфаттиши прокуратураи махсус бобати андешидани чораҳо нисбати маҳбус мавод омода сохта, лекин ӯ барои аз ҷазо раҳоӣ ёфтан ва тарсонидани кормандони муассиса ба ин амал даст зад», - гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин таъкид кард, ки пас аз ин ҳодиса Қ.Болтабоев дарҳол ба шуъбаи тиббии муассиса фиристода шуда, ба ӯ кӯмаки тиббии зарурӣ расонида шуд. «Ба ҳаёти маҳбус чизе таҳдид надошта, 10-уми сентябр ӯ ба бинои умумӣ гузаронида шуд», - афзуд сардори муассисаи ислоҳӣ.

Дар ҳамин ҳол, як моҳ қабл чанде аз ВАО бо истинод ба наздикону хешовандони чанде аз маҳкумшудагон, ки аз муассисаҳои ислоҳии Душанбе ва Ваҳдат ба вилояти Суғд фиристода шуданд, дар бораи лату кӯби бераҳмонаи онҳо бо расидан ба ҷойи таъинот хабар доданд.