Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ гумонбар ба қатли табиби бемориҳои занона боздошт шуд. Ин ҷиноят ҳанӯз фасли баҳор содир гардида буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, 17 апрели соли равон тахминан соатҳои 23:30 дақиқа Муҳаббат Мирзоеваи 55-сола, табиб, сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов дар манзили зисташ ба қатл расонида шуда, пас аз ин афроди номаълум аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 25-солаи ҷамоати Оқтеппаи ноҳияи Спитамен А.Р. боздошт шудааст. «Маводи мавҷуда оид ба ин далел ба парвандаи қаблан бозшуда аз 18-уми апрели соли равон тибқи моддаи 104, қ. 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) илова шуда, тафтишот идома дорад», - гуфтанд дар раёсат.