Ҳукми суд ба гунаҳкори садамаи нақлиёт, ки аз он рӯзноманигоои хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ҷароҳат бардошт, шояд имрӯз содир гардад.

Барои гунаҳкори садама прокурор сеюним соли маҳрумият аз озодӣ бо адои муҳлати ҷазо дар муассисаи ислоҳии сукунатро дархост намуд.

Дар мурофиаи судии имрӯза дар суди ноҳияи Синои пойтахт прокурор ҳамчунин дархост кард, ки гунаҳкори садамаи нақлиёт Нусратулло Шарифов аз ҳуҷҷати ронандагӣ ба муҳлати чор сол маҳрум карда шавад. Насрулло Шарифов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) айбдор карда мешавад.

Бино ба иттилои хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз толори суд, гунаҳкор Н.Шарифов комилан ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз наздикони журналист узр пурсидааст. Худи журналист дар мурофиа ҳузур надорад. Искандари Фирӯз то ҳол дар бемористони ба номи Сино қарор дошта, ӯро боз як ҷарроҳии дигар интизор аст.

Айни замон суд ба ҳуҷраи машваратӣ хориҷ шуда, интизорӣ меравад, ки ҳукми суд имрӯз содир мегардад.

Ҳимоятгарони журналист ҳамчунин ният доранд, ки барои ҷуброни хисороти моливу маънавӣ низ аризаи даъвогӣ пешниҳод намоянд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Нусратулло Шарифов аз  уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи писари журналисти хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз, ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.