Гунаҳкори садамаи нақлиёт Нусратулло Шарифов, ки аз он рӯзноманигори хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошт, ба муддати 3,3 сол маҳкум шуд.

Муҳлати ҷазоро ӯ дар муассисаи ислоҳии сукунат адо хоҳад кард. Насрулло Шарифов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) гунаҳкор дониста шуд.

Ғайр аз ин, тибқи ҳалномаи суди ноҳияи Синои пойтахт, Н.Шарифови 33-сола ба муддати 3 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум гардид.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Наталя Шарифова изҳор кард, ки онҳо аз ҳукми суд қаноатманд буда, вале ҷуброни хисороти маънавиро тақозо хоҳанд кард, зеро Искандари Фирӯз то ҳол дар дармонгоҳ қарор дошта, ӯро боз як ҷарроҳии дигар интизор аст.

«Барои муолиҷаи журналист, ки ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардошт, маблағи зиёд масраф гардида, ҳаҷми маблағи умумии даъво тақрибан ҳудуди 100 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод», - гуфт ҳимоятгар.

Гунаҳкор Н.Шарифов комилан ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз наздикони журналист узр пурсидааст. Худи журналист дар мурофиа ҳузур надошт.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Нусратулло Шарифов аз  уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи писари журналисти хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз, ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Ҷавоншери Фирӯз, писари журналист, пас аз ду ҳафтаи муолиҷа аз бемористон рухсатӣ шуд.