Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар Душанбе беш аз 200 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар ҳузури комиссияи иборат аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ зиёда аз 213 кило маводи нашъаовар нобуд гардид.

Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдори маводи мухаддири нобудшуда 11 килояшро героин, 4,5 килояшро афюн, ҳудуди 185 килояшро ҳашиш ва 13,2 килояшро маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис ташкил доданд.

«Ин миқдор маводи мухаддири мусодирашуда дар асоси 15 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд содир шуда, мавриди амал қарор гирифтанд, нобуд карда шуд», - гуфтанд дар Агентӣ.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози соли равон дар оташдонҳои АНМН дар маҷмӯъ 480 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.