Раиси Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) Раҳматилло Зойиров таъсиси комиссия оид ба мониторинги муассисаҳои ислоҳӣ дар мавриди истифодаи амалҳои ғайиқонунӣ, аз ҷумла шиканҷа нисбат ба ма ҳ бусонро пешниҳод мекунад.

Раиси ҲУСДТ ин ташаббуси худро бо он маънидод мекунад, ки ахиран дар ВАО маълумот оид ба шиканҷаву лату кӯб бо такя ба худи маҳбусон ё наздикони онҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. «Наздикони маҳбуси ҳалокшуда Ҳамза Икромзода ва ҳамчунин волидайни ноболиғоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, ба дафтари ҳизб низ дар ин хусус шикоят овардаанд», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар вазъи мавҷуд набудани дастрасии мустақими ҷомеа ба муассисаҳои ислоҳӣ, дар бораи истифодаи шиканҷа бо такя ба маълумот аз зиндон ва наворҳои аз онҷо бардошташуда ҳарф задан душвор аст. «Аз ин рӯ, ман таъсиси комиссияеро тақозо дорам, ки ба ҳайати он натанҳо кормандони муассисаҳои иҷрои ҷазо, балки вакилону намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ВАО низ шомил хоҳанд шуд ва ба унвони палатаи поёнии парлумону КДАМ ман дар ин бора аллакай мактуби дахлдор равона кардам», - иброз дошт номбурда.

Раҳматилло Зойиров ҳамчунин бар ин назар аст, ки сарварии низоми иҷрои ҷазо бояд ба дӯши шаҳрванди мулкӣ – ҳимоятгар ё ҳомии ҳуқуқ вогузор гардад, ки аз ҷаҳонбинии башардӯстона бархӯрдор буда, аз уҳдаи баргузор намудани ислоҳот дар ин сохтор баромада тавонад. Дар робита ба ин, раиси ҲУСДТ аз мансаб сабукдӯш намудани Иззатулло Шарифов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро пешниҳод мекунад.

«Иззатулло Шаприфов муддати зиёдест дар бораи дастовардҳои муассисааш ҳарф задаву мавҷуд будани шиканҷаро инкор мекунад, вале тамоми гуфтаҳои ӯ бо далелҳо рад карда мешаванд. Ӯро аз ин мансаб барканор намуда, дигар ба ин вазифа низомиён ё намояндагони сохторҳои қудратироро таъин кардан лозим нест. Агар ба ин курсӣ боз генерали навбатӣ биншинад, ӯ низ бечуну чаро супориши болоро иҷро карда, аз ислоҳоти воқеӣ рӯ метобад», - афзуд Р.Зойиров.