Дар бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд беш аз 31 ҳазор адад маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) мусодира карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳафтаи ахир дар қаламрави шаҳр зиёда аз 23 ҳазор маводи тарфгарӣ мусодира гардида, барои фурӯши ғайриқонунии он ду нафар сокинони ноболиғи шаҳри Хуҷанд боздошт ва аз онҳо беш аз 3 ҳазор адад маснӯоти тарфгарӣ (хлопушка) мусодира гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумони даст доштан дар фурӯши маснӯоти тарфгарӣ ҳамчунин боз як сокини ноблиғи шаҳр боздошт шуда, аз ӯ 12 ҳазор адад маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира гардидааст. «Дар шаҳри Истаравшан низ аз як соҳибкорзан 10 ҳазор адад маснӯоти тарфгарии гуногун мусодира гардид», - гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки соли 1997 бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ воридот, фурӯш ва истифодаи воситаҳои тарфгарӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ гардид.