Бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тафтиши мунсифонаи рӯйдодҳои ахири Хоруғ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони он аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шудааст.
Ин хабарро нашрияи Вазорати корҳои дохилӣ «Қонун ва ҷомеа» дар шумораи рӯзи 9-уми декабри соли 2021 чоп кардааст.
Дар хабар, аз ҷумла гуфта мешавад, Гулбиддин Зиёбеков (бар асари кушта шудани ӯ мардум дар Хоруғ даст ба эътироз заданд, - шарҳи идора), сокини ноҳияи Роштқалъа 25-уми ноябр зимни боздошт аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз миён бурда шуд.
“Роҳбарон ва аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша барои расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи худ аз ин ҳодиса ҳамчун баҳона барои ҷамъ овардани мардум дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти ВМКБ ва шаҳри Хоруғ истифода бурданд”, - зикр мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҳодисаи мазкур 12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди ҳамла қарор гирифта, ҷароҳат бардоштанд.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи ҷабрдидаву осебдидагон миёни аҳолии осоишта маълумот дода намешавад.
“Бо мақсади тафтиши дақиқ, шаффоф ва воқеъбинонаи ин ҳодиса, инчунин ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони он бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуд. Ҳайати он аз 20 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 6 намояндаи ҷомеаи шаҳрвнадӣ иборат аст”, - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати афроди ба бетартибиҳои оммавӣ, амали ғайриқонунӣ ва содир шудани ҷиноятҳо дастдошта парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.
Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоии эътирозӣ дар Хоруғ рӯзи 25 ноябр пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардид. Эътироз 4 рӯз давом карда, танҳо пас аз гуфтушунид бо мақомоти ҳокимият, ки дар он бобати шартҳои тағйири вазъ дар минтақа тавофуқ ҳосил шуд, гирдиҳамомадагон пароканда шуданд.
Дар ҳамин ҳол, қарордҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҳосилшуда иҷро намешаванд. Аз ҷумла ҷонибҳо ба тавофуқ расида буданд, ки иштирокчиёни гирдиҳамоӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста