Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ба аъзогӣ дар Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом гумонбар мешавад.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати ҷиноятҳои муташакили ВКД имрӯз, 19 июл дар нишасти матбуотӣ дар посух ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, тибқи иттилое, ки онҳо дар даст доранд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ барои истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияи давлатӣ ва таҳқири ӯ ва аъзогӣ ба Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом гумонбар мешавад.

- Нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз ҷониби додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияи давлатӣ ва таҳқиқри ӯ, инчунин, барои аъзогӣ ба ташкилоти экстримистӣ ва терористии наҳзати исломӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, - афзуд Ҳафиззода.

Номбурда ба дархости ботакрори рӯзноманигорон дар мавриди моддаи мушаххасе, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба он гунаҳкор мешавад, посух надод ва танҳо илова кард, ки ҷузъиёти бештарро аз додситонӣ пурсанд, чун парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ онҷо таҳқиқ мешавад.

Бо гузашти беш аз ду моҳ додситони ноҳияи Шоҳмансур боздошти Абдуллоҳро шарҳ надодааст.

Ҳамчунин, кӯшишҳои мо барои дарёфти вакили дифои Абдуллоҳ барои шарҳи масъала бенатиҷа анҷом ёфт.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ҳамроҳи Далери Имомалӣ, журналист ва блогери дигари тоҷик, ки барои “Ютуб” гузориш омода мекарданд, рӯзи 15 июни соли равон аз ҷониби додситонии ноҳияи Шоҳмансур боздошт ва баъдан ба муддати ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд.

Тавре қаблан вакили дифои онҳо хабар дода буд, нисбати Абдуллоҳ бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 328 қисми 1 (итифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.

Далери Имомалӣ бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ- моддаи 291 қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346 қисми 1 банди “а“ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва моддаи нав - 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) айбдор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Додситонии кули кишвар дар нишасти матбуотии чанд рӯз пеш, танҳо аз як моддаи Далери Имомалӣ ёдовар шуд ва гуфт, ки ӯ ба напардохтани 96 ҳазор сомонӣ андоз гумонбар мешавад. Маълум нест, ки ду моддаи дигар нисбати ӯ ҳазф шудааст ё не.

Қаблан гуфта мешуд, ки Далер қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, Абдуллоҳ иттиҳомро пурра рад кардааст.

Наздикони Абдуллоҳ ҳамагӣ як маротиба бо ӯ дар боздоштгоҳи КДАМ дидорбинӣ карданд ва гуфтанд, ки ҳолаш хуб буда, бовар дорад, ба наздикӣ  ба озодӣ мебарояд.

Ин бори аввал нест, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ  зимни иҷрои фаъолияти касбиаш ба монеаҳо дучор мешавад. Соли 2020 Абдуллоҳ ду маротиба аз сӯи шахсони ношинос мавриди латукӯб қарор гирифт. Танҳо дар як маврид се ҳамлагар барои авбошӣ 580 сомонӣ ҷарима шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.