Милитсияи шаҳри Душанбе як ҷавони 23-солаи пойтахтро барои озори модару ҳамсараш 15 шабонарӯз ҳабс кардааст.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми дирӯз бо нашри як хабарнома аз ин ҷавон Зиёратшоҳ Шакаров, истиқоматкунандаи кӯчаи Сурхоби пойтахт ном бурд ва гуфт, ӯ пайваста дар ҳолати мастӣ ба хона омада, бо модар ва ҳамсару бародари худ муноқиша карда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст мезадааст.

Ӯ ҳамчунин, бо дастчӯби махсуси омодакардаи худ онҳоро таҳдид кардааст.

Акс аз РВКД дар шаҳри Душанбе

Дар аксе, ки РВКД-и пойтахт нашр кардааст, дида мешавад, ки дар дастчӯб “фашист” навишта шуда, рамзи он ҳам ҳаст. Ин чӣ маъно дорад ва чаро ӯ чунин навиштааст, маълум нест.

“Муддатест ба нӯшидани машруботи спиртӣ машғул гардида, фазои носилимеро дар муҳити хонаводаи худ ба миён овардааст, аз ин сабаб, дастгир карда шуд”, - навиштааст РВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки ин ҷавон дар асоси муроҷиати модар ва пайвандонаш аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шудааст.

Милитсияи пойтахт мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Зиёратшоҳ Шакаров протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори суд, ӯ 15-шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.