Додситонии куллии Тоҷикистон бо ирсоли дархост аз Додситонии кулли Русия хостааст, қазияи Сайёра Дусаева, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба куштори ошпазе дар қаҳвахонаи Маскав гумонбар аст, холисона тафтиш намояд. Дар ин бора сомонаи расмии Додситонии кулли кишвар иттилоъ медиҳад.

“Дар шабакаи Интернет навори латукӯби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёра Дусаева дар қаҳвахонаи «Хинкалная Тбилисо», воқеъ дар хиёбони Астрахови шаҳри Маскав, ки бар асари захмҳои корд ташаббускори низоъ ба ҳалокат расидааст, паҳн гардидааст.

Вобаста ба ин, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия аз 21 декабри соли 2009 ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини назорати тафтиши холисона ва ҳаматарафаи қазияи мазкур дархост ирсол карда шуд. Тафтишот идома дорад", - гуфта мешавад дар хабари нашрнамудаи сомонаи расмии Додситонии кулли кишвар.

Қаблан дар робита ба ин қазия Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Владимир Колокотсев, вазири корҳои дохилии Русия низ мактуб ирсол намуда, хоҳиш намуд, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани қазияи Сайёра Дусаева ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки Сайёра Дусаева, зани ҷавони тоҷик барои куштори ошпази як қаҳвахона дар Маскав гумонбар мешавад. Тибқи навиштаи расонаҳои русӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 4-уми январи соли 2023, дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав, аз ҷониби ошпази тарабхона мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегирад ва барои ҳимояи худ бо корд ба ҷисми марди ҳамлавар мезанад. Марди ҳамлавар баъдан ба ҳалокат мерасад.

Дар наворе, ки расонаҳои русӣ паҳн намуданд, саҳнаи муноқиша нишон дода мешавад. Ба мушоҳида мерасад, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво мебинад ва бо шаъну шарафи ӯро паст мезанад. Сайёра Дусаева маҷбур мешавад барои ҳимояи худ бо истифода аз корд худро аз марди ҳавлавар ҳимоя кунад.

Гуфта мешавад, айни ҳол оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.