Зоҳир Муҳиддинов, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Панҷакент бо гумони гирифтани пора дирӯз, 22-юми феврал, аз тарафи кормандони мақомоти прокуратураи шаҳр боздошт ва бо шарти тарк накардани макони зист, озод шудааст.
Ба қавли як манбаъ аз прокуратураи шаҳри Панҷакент нисбати Зоҳир Муҳиддинов бо қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.
Ин модда ҷарима ҳудуди 370 ҳазор то 870 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 солро пешбинӣ мекунад.
“Зоҳир Муҳиддинов боздошт шуд ва баъдан, бо забонхат, яъне бо шарти тарк накардани маҳали зист, раҳо гардид”, - гуфт манбаи мо дар прокуратураи шаҳри Панҷакент.
Зоҳир Муҳиддинов беш аз ду сол дар ин вазифа кор кардааст. Қаблан ӯ дар вазифаҳои сардори шӯъбаи сохтмони асосии дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент, директори Кохи Лоиқ ва шӯъбаи амволи шаҳр фаъолият намудааст.
Бояд гуфт, ин маротибаи аввал нест, ки масъулини ҳукумати шаҳри Панҷакент бо ҷурмҳои гуногун боздошт мешаванд.
Қаблан роҳбари бахши ҷавонони шаҳри Панҷакент, Афзалшоҳ Дӯстзода аз сӯйи мақомоти милисаи шаҳри Панҷакент бо гумони қаллобӣ дастгир шуда буд. Гуфта мешуд, ки ӯ аз як нафар бо ваъдаи омода кардани билети ҳарбӣ маблағ гирифтааст.
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста