Дилдора Холмирзоеваи 33-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гумони даст доштан дар фурӯши фарзанди худ боздошт шуд. Дар ин бора дар барномаи ВКД “Пайки Суғд” хабар дода шуд.

Гуфта мешавад, ин зан, ки муваққатан дар шаҳри Бӯстон зиндагӣ мекард, ду фарзанди хурдсол дошта, ҳозир бо кӯдаки сеюмаш ҳомиладор аст.

“Ӯ мехост, ки яке аз фарзандон - духтари сесолаашро ба ивази 5 ҳазор сомонӣ фурӯшад. Муомилоти хариду фурӯш рӯзи 10 июн, дар зодрӯзи духтарча таъин шуда буд. Дар бораи ин кори Холмирзоева ба шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД вилояти Суғд хабари фаврӣ расид. Дар натиҷа ӯ рӯзи муомилот бо далели шайъӣ боздошт шуд”, - хабар медиҳад ВКД.

Худи Холмирзоева ҳангоми бозпурсӣ барои ҳифз ва бегуноҳ вонамуд кардани худ мегӯяд, ки "бо сабаби камбизоатӣ" ба ин кор даст задааст.

Нисбат ба Дилдора Холмирзоева мутобиқи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Хариду фурӯши кӯдакон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.