Тайи рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон ду ҳодисаи одамрабоӣ расонаӣ гардид, ки ҷомеаро ба ҳайрат гузошт ва боиси нигаронӣ низ шуд.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он дар ҳайрат афтоданд, ки ҳодисаи мазкур дар маркази пойтахт ва макони серодам рух додааст. Норӯшании тақдири рабудашудагон нигаронии ҷомеаро бештар кардааст. Ҳодисаҳои одамрабоии охир ба ёди одамон воқеаи пурсарусадои соли гузаштаро овард, ки ба таври фоҷеавӣ анҷомида буд.

Рабудани муовини раиси бонк

Муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июн, тахминан соати 20:10 дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, яъне маркази пойтахт рабуда шуд. Ба иттилои ВКД, ин ҷиноятро як гурӯҳи муташаккили ҷиноии иборат аз 4 нафар содир кардааст.

Ба иттилои мақомот, Исматуллоевро зӯран ба мошини сиёҳи “Хундай Соната” савор карда, ба самти ноҳияи Варзоб бурданд. Бори охир ӯро дар ҳудуди маҳаллаи Чағатой диданд ва пас аз он, изи ӯ нопадид шудааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Ҳамчунин, ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кард.

Дар баробари ин, таъмини амнияти нафари мусоидаткунанда, ифшои ному насаби онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро тибқи талаботи қонунгузории ҶТ кафолат дод.

Ин ниҳод хабар дод, ки нафароне, ки ба ҷинояти одамрабоӣ нисбати шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат даст задаанд, агар ихтиёран шахси гаравгонро озод намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ иқрор шаванд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо меъёри сабукидиҳанда татбиқ карда мешавад.

Шӯҳрат Исматуллоев
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Новобаста ба ин, то ҳол, бо гузашти 6 рӯз аз содир шудани ҷинояти одамрабоӣ, дар хусуси тақдими Шуҳрат Исматуллоев ҳеҷ хабаре ироа намегардад.

Тақдири муаллими донишгоҳ низ норӯшан аст

Ҳодисаи дуввуми пурсарусадо бо омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Исмоилҷон Раҳмонов рух дод.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн хабар дод, ки сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам бо шаҳрванд Шукуров Исмоилҷон Маъмурович барои одамрабоӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд

“Юсуфзода А.Ҳ. шаби 12 июни соли 2023 соати 23:20 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Шукуров И.М. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хизматияш, ки тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 мебошад, савор карданд", - навишт Додситонии кулл.

Ба навиштаи ин нниҳод, онҳо  дастони муаллимро баста, дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ бо мақсади ба қатл расонидан ӯро ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Нисбати ҳарду бо моддаи 130 қисми 2 бандҳои “а” ва “в”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ба муттаҳамон аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад, аммо дар сурати пайдо шудани ҷасади Исмоилҷон Раҳмонов, ба онҳо метавонанд то 25 соли зиндон барои куштор таҳдид кунад.

Исмоилҷон Раҳмонов ва Акмал Юсуфзода
Коллажи Радиои Озодӣ

Ҳодисаи Мадина

Боз як парвандаи пурсарусадои одамрабоӣ дар моҳи августи соли 2021 рух дод. Дар ин маврид сухан дар бораи Мадина Мамаҷонова меравад, ки рӯзи 25 август нопадид шуда, рӯзи дигар бо ҷароҳатҳои зиёд дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Баъдан маълум шуд, ки Мадина аз сӯйи Азиза Давлатова ба пояи рашк рабуда, ба километри 38-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бурда шудааст. Баъдан Мадина мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ин қазия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда муҳокима гардид.

Аммо парванда танҳо рӯзи 1-уми ноябр кушода шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Азиза Давлатова бо ҷурми сӯиқасд ба куштор (қисми 3 моддаи 32 ва қисми 1 моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кард. Алайҳи шавҳари ӯ Парвиз Давлатов низ тибқи моддаи 117 қисми 2 (“шиканҷа”) парванда боз шуд.

Азиза Давлатова, Мадина Мамаджонова и Парвиз Давлатов
Коллаж

Дар пайи ин ҳодиса сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода ва муовини аввали додситони ноҳияи Сино Сӯҳроб Салимзода курсии худро аз даст доданд.

Моҳи декабр Давлатовҳо гунаҳкор дониста шуданд: Парвиз Давлатов ба 8 соли зиндон маҳкум шуд ва бо тадбиқи қонуни авф барои панҷ солу ду моҳ равонаи гардид. Азиза Давлатова дар сӯиқасд ба куштор гунаҳкор ва ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Бар асоси қонуни афв, ҳукми ӯ як сол кам карда шуд.

Мадинаи 32-сола рӯзи 15-уми декабри соли 2021, пас аз чаҳор моҳи беҳушӣ, дар бемористон даргузашт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.