Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани интиқоли ғайриқонунии таҷҳизоти гуногуни барқӣ аз Хитой ба Тоҷикистон хабар медиҳад, ки боҷ ва андози гумрукии он 271 ҳазору 820 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи умумии таҷҳизот беш аз 2 миллион сомонӣ аст.

Тавре сомонаи расмии ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ин ҳолат рӯзи 26-уми апрел, зимни санҷиши аризаи шаҳрванд Сангов Р.М. дар корхонаи истеҳсолии  “Яхдон”, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян шудааст.

“Шаҳрванд Маниёзов К.Ҷ. дар ҳудуди ин корхона ду адад анборхонаро ба иҷора гирифта, дар онҳо 1330 адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии тамғаи “Злато”, 600  адад таҷҳизоти барқии хӯрокпазии хурд, 4000 адад таҷҳизоти барқии гармидиҳӣ (радиатор) тамғаи “Bosh” ва “Samsung”, 2800 адад зарфҳои сафолӣ барои чойнӯшӣ (бокал)-ро ғайриқонунӣ, бе ҳуҷҷатҳои воридотии гумрукӣ нигоҳ доштааст”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, молҳои мазкур дар давоми моҳҳои август-сентябри соли 2022 аз Хитой “ғайриқонунӣ, бидуни назорати гумрукӣ, бо роҳи қочоқ” ба сарҳади гумрукии Тоҷикистон ворид карда шудаанд.

Тибқи маълумотномаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, арзиши умумии эҳтимолии бозоргонии ҳамаи таҷҳизоти барқӣ 2 миллиону 108 ҳазору 800 сомонӣ буда, боҷ ва андози гумрукии он 271 ҳазору 820 сомониро ташкил медиҳад.

Айни замон нисбати Маниёзов К.Ҷ. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (содир намудани ҷинояти қочоқ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.