Дар Душанбе Шодмон Каримови 36-сола боздошт шуд. Ӯ ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ нисбати шаҳрвандоне, ки тариқи терминали пардохти бонки “Душанбе Сити” амалиёти транзаксизӣ анҷом медоданд, гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар пойтахт.

Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки Каримов бо роҳи фиреб маблағҳои шаҳрвнадонро азхуд мекардааст.

“Аз ҷумла, номбурда ҳангоми дар назди дастгоҳи худкори маблағгузаронии «Душанбе-Сити» қарор доштан, бо роҳи фиреб ба боварии як нафар сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи ба суратҳисобаш пардохт намудан, аз ӯ 2000-сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст”,- омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, айни замон бо мақсади муайян намудани дигар кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда тафтишот ҷараён дорад.

Зимнан аз шаҳрвандон низ хоҳиш шудааст, ки агар мавриди фиреби ин нафар қарор гирифтаанд, метавонанд ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.