Милитсияи Душанбе аз як гурӯҳ ҷавонон наздики 500 ҳазор маводҳои пиратехникӣ (хлопушка) дарёфт ва мусодира кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршаванда Некрӯз Назаров маводҳои тарфгариро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид карда, ҳамроҳи дигар ҳаммаслакони худ аз фурӯш ва паҳнсозии он фоида ба даст меовард.
“Ҳангоми кофтуков аз автомашинаи номбурда (Некрӯз Назаров дар назар аст,-муаллиф) тамғаи “Лексус”, 2201 QQ 01, дар 816-қуттӣ дар ҳаҷми 489 ҳозору 600 дона маводҳои тарфгарии -тарконакҳои навъи “Трения с новым годом” мусодира карда шуданд”, - менависад РВК дар шаҳри Душанбе.
Ин ниҳод, ба ғайр аз Некрӯз Назаров, аз гуморбарони фурӯш ва паҳни “хлопушкаҳо” Зоҳир Муҳиддинов, Баҳрулло Меликов, Бахтиёр Мирзоев, Абдулло Баротов, Ардашер Муродов ном бурдаст, ки ҳамаи онҳо ҷавонони то синни 30-сола мебошанд.
Милитсияи пойтахт гуфтааст, ки ҳамчунин шаҳрванд Аминҷон Самадови 24-соларо дастгир кардааст, ки ӯ дар анбори махсус оташфаввора ё “хлопушка-ҳои Некрӯз Назаровро пинҳон кардааст. Он низ дарёфту мусодира карда шуданд.
Нисбати 6 нафар гумонбаршаванда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тибқи талаботи моддаи 199, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ барои муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё аз 1 то 2 солир зиндон ҷазо пешбинӣ кардааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола пеш аз фарорасии соли нави мелодӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мусодираи маснуоти тарфгарӣ оғоз мекунанд. Маъмулан, он аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, нуқтаи авҷаш ба рӯзҳои таҷлили ҷашни соли нав рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки сар аз соли 2008 бо тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон воридот, паҳн ва истифодаи маводҳои тарфгарӣ дар ҳудуди кишвар манъ шуд. Сабаби ин зиёд шудани хатари ин маводҳо гуфта мешуд.
Барои фурӯшу паҳни маводҳои приотехникӣ чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст ва чаро он дар кишвар манъ шудааст дар маводи “Оғози мавсими мусодираи “хлопушка”. Мақомот аз ду ноболиғ 7,5 ҳазор маводи тарфгарӣ гирифтанд” хонед.
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Аз сабти онлайни расона то 60% муҳтавои ватанӣ ва забони ишора. Тарҳи қонуни нави ВАО чӣ дорад?
Боздошти нозири минтақавии ШВКД Қубодиён ба гумони порагирӣ
Ду рӯзи наздик дар Тоҷикистон борону жола меборад
Барои рушди бахши роҳи оҳани Тоҷикистон 7,5 млрд доллар маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст
Чин ба сохтмони неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон 400 млн доллар маблағгузорӣ мекунад
Дар радабандии рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ нишондиҳандаҳои Тоҷикистон каме беҳтар шуданд
Раиси дастгоҳи Иброҳим Раисӣ ҷузъиёти суқути чархболро шарҳ дод
Тайи 1 шабонарӯз дар обҳои Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста