Тоҷикистону Русия бароои истифодаи нодурусти технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ (ТИК), мисли халалдор сохтани амният, тамомияти арзӣ, таблиғи терроризму эксртимизм, ҳамла ба объектҳои муҳими инфрасохтори иттилоотӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, барангехтани адоват байни миллатҳо ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар якҷоягӣ мубориза мебаранд.
Созишномаи ҳамкориро байни ду кишвар вакилони парлумони Тоҷикистон рӯзи 22-юми декабр тасвиб карданд.
Маҳмад Меликзода, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шарҳи созишнома дар ҳузури вакилони парлумон гуфтааст, санади мазкур “ҳамкории мақомоти салоҳиятдори тарафҳоро дар самти ҳамоҳангсозии муқовимат ба таҳдидҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ, пешгирӣ, ошкор ва рафъи ҳодисаҳои компютерӣ, тафтиши ҷиноятҳо вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо мақсадҳои террористӣ, коркарду роҳандозии чораҳои зарурии муштараки мусоидаткунанда ба таъмини амнияти иттилоотӣ... ба танзим медарорад”.
Ӯ афзудааст, пешрафти ТИК дар баробари ҷанбаҳои мусбат омилҳои манфӣ ҳам дорад, ки яке аз онҳо ҷалби ҷавонон ба созмону ҷараёнҳои номатлуби ифротӣ тавассути интернет мебошад.
“Тибқи таҳлил ва тафтиши ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, аксар ҷавонони кишвар, ки ба созмону ҷараёнҳои номатлуби ифротӣ шомил шудаанд, асосан тавассути шабакаи интернет ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд”, - гуфтааст муовини раиси КДАМ.
Ҳуснигул Одиназода, вакили парлумон бо дастгирӣ аз тасдиқи ин созишнома гуфтааст, ки созишнома “дар асоси эҳтироми мутақобила ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, ки ба расонидани зарар ба манфиати тарафи сеюм нигаронида нашудааст, дар доираи Қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти №73/27 аз 5 – уми декабри соли 2018 ба имзо расидааст”.
Бояд гуфт, ки созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ рӯзи 19 -уми июни соли 2023 дар шаҳри Маскав ба имзо расида буд.
“Бе зарурат ба Русия сафар накунед”. Шарҳи ВКХ Тоҷикистон оид ба банд мондани садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста