Илҳом Аҳмадзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба гирифтани пора ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ гунаҳкор шудааст, вале худаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба зинаи болоӣ шикоят кардааст.

Сафар Салимзода, роҳбари тозатаъини сардори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар вилояти Суғд, гуфт, Илҳом Аҳмадзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дар як вақт узви комиссияи қонунигардонии дороиҳои ҳукумати ноҳияи мазкур аз шаҳрванд Ботур Тусматов ба сифати пора 4 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ барои тасдиқи лоиҳаи кории маркази хидматрасонӣ ва минбаъд ба номи Тусматов ҳуҷҷатгузорӣ намудани он рӯзҳои 15-уми июн ва 11-уми июли соли 2023 ба Илҳом Аҳмадзода дода шудааст.

Тибқи иттилои Салимзода, нисбати Аҳмадзода бо моддаи 319, қисми 1-и Кордекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди итмом расидани тафтишоти пешакӣ, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан, ба суд ирсол шудааст.

Сафар Салимзода
Акс аз муаллиф

Бо ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов нисбати Илҳом Аҳмадзода ҷазо дар намуди 248 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Аҳмадзода аз ҳукми суд розӣ нест ва ба зинаҳои кассатсионӣ шикоят кардааст. Ӯ зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “дар гӯшаю хаёлам набуд, ки дар беруни дар ба дасти ман 4 ҳазор сомонӣ дода, маро ба дасти мақомоти зидди фасод месупоранд”.

“Солам ба 56 расидааст, бо обрӯй аз ҳукумат ба нафақа баромаданӣ будам. Аз ин рӯзи сиёҳ намешавад. Ду ҳафта пеш бо ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов маро барои пардохти 248 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ба муҳлати 1,5 сол маҳрумӣ аз корҳои давлатӣ вазифадор карданд. Ман аз ҳукми суди ноҳияи Ҷаббор Расулов норозӣ шуда ба суди кассатсионӣ шикоят бурдам ва ҳоло ҷавоби суди вилоятӣ наомадааст. Агар суди вилоятӣ ҳам ҳукмро бетайғир монад, ба суди назоратӣ шикоят мекунам”, - афзуд Аҳмадзода.
Илҳом Аҳмадзода

Имрӯз, 19-уми феврал, зимни сӯҳбат бо мо Илҳом Аҳмадзода аввал тасдиқ кард, ки ба сифати муовини раиси ноҳия кор мекунад ва баъдан зикр намуд, ки аз Оҷонси зиддифасон мактуби дастури хаттӣ барои аз вазифа озод кардан омадааст. Ҳоло дақиқ нест, ки ӯ аз вазифа озод шудааст ё не.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд давоми соли 2023-юм 419 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияи коррупсионидошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи  як соли пеш 36 ҳолат кам аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.