Дар Ӯзбекистон беш аз 12 ҳазор падару модареро, ки дар тарбияи фарзандон бемасъулиятона рафтор карданд, ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Дар Тоҷикистон бошад, волидони хонандагонро ба мақомоти додситонӣ даъват кардаанд.
Ба иттилои хабаргузории узбекии Kun.uz, дар соли 2023 беш аз 12 ҳазор волидайне, ки дар тарбияи фарзандон бемасъулиятона рафтор кардаанд, тибқи моддаи 47, қисми 1-и Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ӯзбекистон (иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба тарбия ва таълими фарзанд) ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ин ҷазо ба хотири дарсгурезӣ ва бидуни назорат гузоштани хонандагони мактаб нисбати волидонашон татбиқ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Душанбе ҳам бархе падару модаронро барои ба дарс ҳозир нашудани фарзандонашон ба мақомот даъват кардаанд.
Як гурӯҳ волидайни хонандагони пойтахт ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки барои зиёда аз 40 соат ба дарс ҳозир нашудани фарзандонашон пагоҳ, 22-юми феврал, ба Додситонии шаҳри Душанбе даъват шудаанд.
“Новобаста аз оне ки маълумотномаи тиббӣ пешниҳод шудааст ё не, ба додситонӣ бояд ҳозир шуд”, - зикр карданд чанде аз волидон.
Ба гуфтаи онҳо, директори мактабе дар Душанбе (исми директор ва рақами мактаб дастраси “Азия-Плюс” ҳаст) ба ин волидон гуфтааст, “бе чуну чаро рӯзи панҷшанбе бо шиносномаи худ ва шаҳодатномаи фарзанд ба прокуротураи (додситонии) шаҳри Душанбе ҳозир шаванд”.
Ҳоло сабаби дақиқи даъвати падару модарон ба мақомоти додситонӣ маълум нест. Барои шарҳи ин мавзӯъ масъулини Додситонии шаҳри Душанбе ба тамосҳои пайдарпайи “Азия-Плюс” посух надоданд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон соли 2011 Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд, ки мақсади он “пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд” арзёбӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки давоми беш аз 13 сол садҳо падару модарон барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд ҷазо ё ҷарима шудаанд.
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Фолбиниву ҷодугарӣ акнун ҷиноят аст. Ҷазо барои ин амалҳо пурзӯр шуд
Обуҳавошиносон: Имрӯз Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста