Дар Тоҷикистон роҳбарони баъзе вазорату идораҳо эътироф мекунанд, ки дар соҳа ва ё сохтори зери роҳбариашон фасод ҷой дорад. Коршиносон гуфтанд, ки чаро роҳбарон бо вуҷуди огоҳӣ барои решакан кардани фасод муборизаи ҷиддӣ намебаранд?

Дар рафти нишастҳои матбуотии охир, дастикам се мансабдори тоҷик эътироф карданд, ки аз фасод дар сохтори зери роҳбариашон огоҳанд ва чанде аз кормандонашон ҳам дар як соли охир аз сӯи мақомоти тафтишотӣ боздошту зиндонӣ шуданд. Вале дар бораи он ки чаро дар ин самт муборизаи ҷиддӣ намебаранд, чизе нагуфтанд.

“Дарди бедаво”-и заминфурӯшӣ

Аз ҷумла, Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “давоми соли 2023 даҳҳо нафар барои тақсимоти ғайриқонунии замин ҷазо гирифтаанд, ки миёни онҳо баъзе кормандони худи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон низ ҳастанд”. Аммо ӯ теъдоди дақиқи кормандони ҷиноятсодиркардаи ниҳоди зери  роҳбариашро нагуфт.

Воқеан, хариду фурӯши замин дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои доғ аст ва дар гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ борҳо аз ин зуҳурот интиқод карда буд. 

Масалан, соли 2017 дар пайи ошкор шудани ҳолатҳои зиёди заминфурӯшӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ раиси ҷумҳур дастур дода буд, ки бо ташкили ситоди муштараки Додситонии кулли кишвар ва Кумитаи замин аз фасод ҳангоми тақсими замин пешгирӣ шавад. Як сол баъд, президент ҳангоми ба мақоми раиси ноҳия таъйин кардани Рустам Акрамзода, аз ӯ хост, ба ин “дард” даво ёбад.

Ориф Хоҷазода
Акс аз Asia-Plus

Вале зоҳиран ӯ низ ба ин дард даво ёфта натавонист, ки се сол пас аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Азизулло Исматзода раис таъин гардид. Ӯ низ баъди ду соли фаъолият аз мансаб барканор ва ба ҷои ӯ, Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали додситони кулли кишвар, таъин гардид ва ҳадафи ин таъинот мубориза ба заминфурӯшӣ гуфта мешуд. То куҷо раиси нав вазъро тағйир дод, ҳоло маълум нест.

Зимнан, Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ҳам дар робита ба боздошти онҳое, ки ба хариду фурӯши замин машғуланд, борҳо хабари расмӣ нашр кард.

Фасод дар гумрук

Ниҳоди дигаре, ки роҳбари он вуҷуди фасодро дар сохтор эътироф кард, Хадамоти гумруки кишвар аст. Хуршед Каримзода, роҳбари Хадамоти гумрук дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 12 корманди ин ниҳодро ба ҷавобгарӣ кашида, ҳамчунин, беш аз 40 корманд муҷозоти интизомӣ, аз ҷумла танбеҳи қатъӣ гирифта, як нафар аз мақомот озод шуд.

Вай эътироф кард, ки камбудӣ дар кори гумрукчиён аст ва роҳбарият талош хоҳад кард, ки аз он ҷилавгирӣ шавад.

Хуршед Каримзода
Акс аз Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур

Пурсарусадотарин мавриди вобаста ба фасод дар ин ниҳод бо номи сардори терминали "Душанбе-1" Шаҳбоз Раҷабзода иртибот дорад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ӯро моҳи майи соли 2019 дар як ҷаласа ба фасод муттаҳам кард ва талаб намуд, пулҳои аз давлат ғораткарда ва ба берун баровардаашро баргардонад. Раҷабзода дертар аз Хадамоти гумрук ронда шуд ва ҳоло маълум нест, ки дар куҷо кор мекунад.

Дар ҳамон маҷлис раиси ҷумҳур раҳбарияти ниҳодро дар беамалӣ мутаҳҳам кард ва гуфт, ки кормандон миёни худ гузаргоҳҳои марзиро тақсим кардаанду ба таври худ ҳамлу нақли молу колоро назорат мекунанд.

МТС гуфт, “фасод густурда аст”, вазир афзуд, “дар ҳама соҳаҳо ҳаст”

Баҳси дигаре, ки ҳафтаи гузашта дубора доғ шуд, ин вазъи фасод дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф мебошад.

Нахуст, “Азия-Плюс” пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистонро нашр кард, ки дар он вазъи фасод дар ин ду соҳа нигаронкунанда гуфта мешуд.

Аз ҷумла, дар пажӯҳиш зикр мешуд, ки фасод дар бахши тандурустӣ густурда ва аксар вақт “бо дастури мақомоти болоӣ рух медиҳад”. Ин омил боиси тарки соҳа намудан ё ба муҳоҷират рафтани табибон мегардад.

Бино бар пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар бахши тандурустӣ мардум аз ҳама бештар ҳангоми бистарӣ шудан дар беморхонаҳо, замони амали ҷарроҳӣ, барои ба даст овардани маълумотномаи тиббӣ бо фасод рӯ ба рӯ мешудаанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода
Акс аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотӣ ба суоли батакрори хабарнигори “Азия-Плюс” дар робита ба тадқиқоти МТС посухи рӯшан надод, вале эътироф кард, ки дар соҳа фасод ҳаст.

“Тадқиқот ҳар хел мешавад. Ман муқобили ин нестам. Дар тамоми соҳа ҳаст. Вазифаи мо як чиз аст, коҳиш додани фасод. Ман ҳаминро ба инобат гирифтам. Як фисади ҳамин шояд ба ин вобастагӣ дошта бошад...,”-афзуд, ӯ.

Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳам чанд рӯз пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2023 ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ баъди ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва соҳаи маориф дар ҷои сеюм қарор дорад.

Ӯ иттилоъ дод, ки соли гузашта “152 ҷиноят аз ҷониби 72 корманди соҳаи тандурустӣ сабт шудааст ва ин 10 ҳолат бештар нисбат ба соли 2022 (147 ҷиноят аз ҷониби 62 нафар) мебошад.

Аз мактаб то додгоҳ. Роҳбарон дар минтақаҳо ҳам аз вуҷуди фасод огоҳанд

Дар ҳамин ҳол, роҳбарони ниҳодҳои мухталиф дар минтақаҳо ҳам ҷой доштани фасодро дар зерсохторҳо эътироф мекунанд.

Аз ҷумла, Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “афсус дар соҳаи маориф ҳам ҳолатҳои даст ба ҷинояти коррупсионӣ задани кормандони соҳа ба қайд гирифта шудааст”.

“Бештари ҳолат муҳосиб ва сармуҳисобони мактабҳо  даст ба фасод задаанд. Шумораи дақиқро дар даст надорам, аммо муаллимони оддӣ набуданд”,- гуфт ӯ.

Оҷонсии зиддифасод низ гуфт, ки соҳаи маориф дар байни соҳаҳое, ки кормандонаш бештар ҷинояти коррупсионӣ содир кардаанд, дар ҷои дуввум аст.

Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта, дар ин бахш 87 нафар 181 ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба соли 2022 (120 корманди соҳаи маориф) 252 ҷиноят камтар аст.

Ҳамчунин, Шерзода Ҷӯрабек, муовини додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 15-уми феврал дар нишасти матбуотӣ иқрор шуд, ки даст ба ҷинояти ришваситонӣ задани кормандони соҳа ҷой дорад.

Ӯ аз Насриддин Садриддинзода, раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов мисол овард, ки баҳори соли гузашта барои гирифтани ришва боздошт шуда буд.

Медонанд, вале чаро муборизаи ҷиддӣ намебаранд?

Коршиносон бар ин назаранд, ки роҳбарони сохторҳои давлатӣ аз вуҷуди фасод дар соҳаи худ огоҳанд, вале  барои пешгирӣ ва андешидани тадбирҳои ҷиддӣ ҷасорати касбӣ надоранд.

Шокирҷон Ҳакимов
Акс аз Амир Исоев

Шокирҷон Ҳакимов, муовини якуми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва ҳуқушиноси тоҷик гуфт, онҳое, ки даст ба фасод мезананд, на танҳо манфиатҳои маҳаллию хонаводагӣ ё ҳизбию молиявию иқтисодӣ доранд, инчунин, “арзишҳои зиндагию асосҳои дороии онҳо бар хилофи амнияти иқтисодию манфиатҳои стратегии миллӣ низ ҳаст”.

“Бинобар ин, ба ҷойи иқрор шудан бояд дарҳол истеъфо диҳанд ва агар иродаи сиёсӣ ҷиҳати муқовимат бо коррупсия надошта бошанд, мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқ бояд баҳои ҳуқуқӣ дода, парвандаҳоро барои моҳиятан баррасӣ кардан ба додгоҳҳо диҳанд. “Дили нохоҳам, узри бисёр””, - зикр намуд ин ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ба гуфтаи ӯ, то замоне ки ба таври сунъӣ кадрҳои ҷиддию масъулиятшиносро бо сабабҳои субъективӣ ба мансабҳои давлатӣ ҷалб намекунанд ва умуман, ҷиҳати такмили низоми ҳокимияти давлатии мувофиқ ба талаботи замони муосир тадриҷан тадбирҳо намеандешанду тафовут миёни воқеияту расмиятҳо ҳар чи бештар мешавад, ҳолат аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд.

Воқеан, Тоҷикистон солҳост мубориза бо коррупсияро яке аз афзалиятҳои кори худ номидааст, вале эътироф ҳам мекунад, ки фасоду ришвахорӣ дар тамоми сатҳҳо реша давондааст. Барои мубориза ба он барномаву консепсия ва стратегияҳо ҳам таҳияву қабул шудааст. Вале тавре дида мешавад, вазъ ба таври чашмрас тағйир намехӯрад.

Тоҷикистон дар индекси нави дарки (қабули) фасоди Созмони байнулмилалии шаффофияти байнулмилал (Transparency International) дар соли 2023  бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кард. Он 4 имтиёз камтар нисбат ба солҳои 2021-2022 ва 5 имтиёз камтар нисбат ба соли 2019 аст.

Сатҳи қабули коррупсия дар Тоҷикистони ҳамсон бо Афғонистон буда, ин кишвар ҳам 20 имтиёз гирифтааст: онҳо ҳамроҳи давлатҳое чун Бурунди, Чад, Ҷазираҳои Комор, Конго, Мянма ва Судон дар ҷойи 162-юм қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.