Милитсияи вилояти Хатлон аз боздошти 13 фолбину ҷодугар хабар медиҳад, ки “бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошанд”.

Ин ниҳод гуфтааст, ки барои ошно кардани аҳолӣ бо чеҳраи фолбинону ҷодугарон  ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани онҳо пайваста рейду амалиётҳо мегузаронад, то шаҳрвандони гумроҳ ба доми фиребу макри онҳо наафтанд.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ҳамаи фолбинону ҷодугарон ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят бозошт шуданд.

Ин ниҳод аз онҳо

- Абдуллоев Ҳабибулло Мусовирович, соли таваллудаш 1966, зода ва истиқоматкунандаи

ноҳияи Кушониён, ҷамоати деҳоти Заргар, деҳаи Орҷоникидзе;

- Гадоева Гавҳарбӣ соли таваллудаш 1978, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Лолазор;

- Мавлянова Замира соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Бохтар, маҳаллаи Саричашма;

- Худоёрова Рузиой соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус, деҳаи Устокорон;

- Юнусов Ҳайдар соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Низомӣ;

- Муратова Шоира соли таваллудаш 1974, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, деҳаи Арабхона;

- Наврузов Шариф соли таваллудаш 1963, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун, деҳаи С.Вализода;

- Мирзохонова Ҳанифа соли таваллудаш 1961, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳаи Ғаллаобод, деҳаи Ҳақиқат;

- Сарматов Ашур Эргашович 16.03.1970 соли тавалудаш, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ;

- Раҷабова Гулдаста, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, деҳаи Истиқлол;

- Сафаралиева Раиса соли таваллудаш 1953, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, кӯчаи Холиқов;

- Тағоева Шаҳло соли таваллуд 1971, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Н.Хусрав, деҳаи Олтинсой;

- Чуянова Ҳиҷронбӣ соли таваллудаш 1975, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зарбдор ном бурдааст.

Сурат аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон

“Зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки мутаассифона қисме аз ин тоифаи мардумфиреб ва каҷрафтор худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошад”, - гуфтааст РВКД дар вилояти Хатлон.

Ба иттилои ин ниҳод, аз хонаи дастгиршудагон як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду, фолбинӣ ва гарму хунуккунӣ истифодашаванда, инчунин расму суратҳои шаҳрвандон, роҳбарони корхонаву муассиса ва ташкилоту ширкатҳо ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Милитсияи Хатлон мегӯяд, “дар асл нафарони болозикргардида ягон дониши тиббиву динӣ надошта, танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдорҳои мардумфиребона мезадаанд”.

Бар зидди 13 ҷодугару фолбин бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ин моддаи қонунгузорӣ аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ карда, дар сурати такрор шудани ин амалҳо ҳаҷми ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд шуда метавонад.

Назари боздоштшудаҳо ва наздикони ҳоло маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки тайи ду ҳафтаи охир ин дуввумин ҳолати боздошти фолбинон дар вилояти Хатлон аст. Рӯзи 21-уми марти соли равон милитсияи вилоят аз боздошти 5 фолбину ҷодугар ва ҷинбарору мушкилкушоён хабар дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.