Душанбе. 30-юми май. «Азия-Плюс» — |Зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати таъсири манфии болоравии қимати маводи сӯзишворӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус қишри осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард.
Дар робита ба ин масъала сарвари давлат гуфт, айни замон дар бозори истеъмолии кишвар зуҳуроти номатлубе арзи вуҷуд карда истодаанд, ки онҳо дар фазои иқтисодии мамлакат мушкилиҳо эҷод менамоянд. «Алалхусус, болоравии нархи маводи сўзишворӣ, ки дар натиҷаи афзоиши нархи он дар бозори ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани боҷу пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби баъзе кишварҳои содиркунанда ба вуқўъ пайваст, суботи бозори истеъмолӣ ва ҳамзамон ҳолати иҷтимоиро дар кишвар халалдор намуд. Аз ин сабаб сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ то ба 6,1 фоиз расидааст», - иброз дошт ӯ.
Сарвари давлат ҳамчунин зикр кард, ки вазъияти баамаломада ба тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонид ва ин раванд, пеш аз ҳама, табақаҳои осебпазири аҳолиро фаро гирифта истодааст, ки боиси нигаронист.
Ёдрас мекунем, ки дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор шуд. Дар ҷаласа масоили марбут ба амалисозии барномаи «Стратегияи миллии рушд: афзалиятҳои миллӣ ва омилҳои таъсиррасон ба татбиқи он» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори чаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва ҳамчунин шарикони Тоҷикистон оид ба рушд ширкат варзиданд.
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста