Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи сеюми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Ашқобод, ки аз ҷониби Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар минтақаи ОМ созмон дода шуд, масоили муҳими густариши ҳамкории минтақавӣ ва ҳамчунин роҳу воситаҳои мусоидати Маркази мазкури СММ ба кишварҳои минтақа ҷиҳати пешгирии таҳдидҳо ба амният ва рушди босубот баррасӣ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази мазкур иттилоъ доданд, дар ҷаласа гузориши роҳбари Маркази минтақавӣ оид ба фаъолият дар соли 2010 шунида шуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он дар соли равон муайян карда шуданд. Иштирокдорони ҷаласа бобати вазъи минтақа аз лиҳози таъмини амният ва Барномаи нави амали Марказ барои солҳои 2010-2014, ки маҳаки ташаббусҳои Марказ барои се соли минбаъдаро ташкил медиҳад, табодули афкор намуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни баҳсу муколамаҳо ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба ҷинояткории фаромарзӣ, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъи Афғонистону Қирғизистон, идоракунии захираҳои умумии табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. «Иштирокчиёни мулоқот роҳандозӣ ва густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳои минтақавӣ дар асоси муколама, усулҳои дипломатияи пешгирикунанда ва идомаи робита бо СММ ва созмонҳои байнулмилалиро муҳим арзёбӣ карданд», - афзуд сарчашма.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур муовини вазири корхои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидов намояндагӣ кард.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста