Чанде қабл ҳангоми вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов бо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Австрия вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва дурнамои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати кишвар дар риштаи таъмини амният ва таҳкими марзҳои сарҳадӣ бо Афғонистон матраҳ гардид .

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот бо Ҳамоҳангсози робитаҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Австрия Тобиас Ҷеймс, ҷониби Тоҷикистон раванди имрӯзаи ҳамкориро дар соҳаи мазкур бо Австрия мусбат арзёбӣ кард. Ҳамзамон, бо ишора ба чолишҳо ва таҳдидҳои амниятии ҷойдошта, ки аз қаламрави кишвари ҳамсоя сарчашма мегиранд, сафир хостгори тавсеаи ҳамкории самарабахш миёни тарафҳо ва расонидани кӯмаки амалии моддию техникӣ аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои ҳифзи минбаъдаи амну суботи минтақавӣ шуд.

 Зимни музокирот Т. Ҷеймс ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии бахшида ба амнияти сарҳадӣ (Душанбе, соли 2008) ва Анҷумани 9-уми КАБСИ (Ташаббуси Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳкими амнияти марзӣ дар Осиёи Марказӣ) баҳои баланд дод. Ҷониби Австрия таъкид сохт, ки Иттиҳоди Аврупо, пеш аз ҳама Австрия тасмим гирифтаанд, ки зимни татбиқи марҳилаи 8-уми лоиҳаи БОМКА ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ расонидани кумаки амалиро барои Тоҷикистон вусъат диҳанд. «Бо мақсади татбиқи амалии тавсияҳо ва хулосаҳои Анҷумани КАБСИ, ки 15-16 марти соли равон дар Душанбе баргузор гардид, ҳукумати Австрия ва Иттиҳоди Аврупо барои сафарбар кардани кишварҳои мададрасон ва муассисаҳои байналмилалии молиявӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», - илова намуд Т. Ҷеймс.