Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байнулмилалӣ таҳти сарварии Антон Караҷаро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Антон Караҷа барои ташкили сафари ҳайати Шӯрои Аврупо изҳори миннатдорӣ намуда, сазовор донистани президенти Тоҷикистон ба унвони «Пешвои асри XXI»-ро муҳим арзёбӣ кард.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили рушди муносиботи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Шӯрои Аврупо табодули афкор намуда, ҳамчунин ба густариши муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Руминия низ таваҷҷӯҳ зоҳир сохтанд.

«Намояндаи ҳайати Шӯрои Аврупо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро аз таҷрибаи андӯхтаи Руминия дар рушди бахши гидроэнергетика огоҳ сохта, роҳандозии ҳамкории дуҷонибаи муассир дар ин самтро пешниҳод намуд», - афзуданд дар департаменти иттилооти ВКХ.