Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» - Шурӯъ аз имрӯз то санаи 7-уми сентябр вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар тамоми манотиқи кишвар бо интихобкунандагон як силсила мулоқотҳо баргузор менамоянд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни вохӯриҳо намояндагони мардумӣ фикру мулоҳизоти аҳолиро, ки ба масоили гуногуни рушди иқтисод, ҳалли мушкилоти бекорӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дахл доранд, мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.
«Зимни мулоқот бо интихобкунандагон вакилони парлумон ҳамчунин ба масъалаҳои таҳкими амнияти ҷумҳурӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳанд сохт», - зикр кард М. Султонов.
Ба гуфтаи номбурда, дар вохӯриҳо интихобкунандагон метавонанд перомуни мавзӯъҳои барояшон муҳим ба вакили худ суол диҳанд ё пешниҳоде дар ин маврид ироа созанд, ки он ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо ба инобат гирифта хоҳад шуд.
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Фолбиниву ҷодугарӣ акнун ҷиноят аст. Ҷазо барои ин амалҳо пурзӯр шуд
Обуҳавошиносон: Имрӯз Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста