Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.

 Дар оғози сӯҳбат масъалаҳои марбут ба вазъияти минтақа ва ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон муҳокима шуданд.

 Осиф Алӣ Зардорӣ аз густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодии миёни ду кишвар дар заминаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид сохт, ки ҷониби Покистон ба инкишофи муносибатҳояш бо Тоҷикистон манфиатдор мебошад. Вай изҳор дошт, ки 2 сентябри соли ҷорӣ ба шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок намудан дар мулоқоти чоргонаи Роҳбарони Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Россия сафар мекунад. Президенти Покистон, ҳамоиши чоргонаро фурсати хубе барои ҳаллу фасли масъалаҳои минтақавӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба номид.

 Сафири тоҷик ба ҳамсӯҳбати худ оид ба раванди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Покистон маълумот дода, изҳор дошт, ки вақтҳои охир ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон босуръат инкишоф меёбанд. З.Зубайдов зикр намуд, ки фаъолияти соҳибкорону тоҷирони покистонӣ дар Тоҷикистон васеъ шуда, теъдоди онҳо тадриҷан меафзояд.

 Дар анҷоми сӯҳбат Осиф Алӣ Зардорӣ иброз дошт, ки Покистон барои инкишофи равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон манфиатдор буда, дар ин самт мунтазам кӯшиш менамояд.