Дар рӯзи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия маросими расмии ифтитоҳи консулгарии генералии Тоҷикистон дар ин шаҳр баргузор шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба суханони консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Содиқ Имомов, дар қаламрави Бошқирдистон ва дигар манотиқи назди Приволже шумори зиёди тоҷикистониён кору фаъолият доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки намояндагиҳои дипломатии наздиктарини Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Маскав ҷойгиранд. «Ин вазъ барои муҳоҷирон ҷиҳати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои буду бош ва гирифтани иҷозат барои кор мушкилиҳо эҷод месохт, аз ин рӯ, ифтитоҳи ин консулгарӣ мушкилоти зиёди муҳоҷиронро осон хоҳад кард», - гуфтааст ӯ.

Номбурда таъкид сохтааст, ки мақомоти раҳбарии Тоҷикистон Бошқирдистонро ба сифати яке аз шарикони стратегӣ унвон мекунанд. Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Бошқирдистон 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст ва он тамоили болоравиро касб кардааст.

Қобили зикр аст, ки ба ҳайати ҳавзаи консулгарӣ бо марказ дар шаҳри Уфа 14 манотиқи наздик ба Бошқирдистон дохил мешаванд. Ояндаи наздик консулгарӣ масоили роҳандозии робитаи мустақим бо мақомоти раҳбарӣ ва вохӯриҳо бо шаҳрвандони тоҷики муқими ин манотиқро тарҳрезӣ намудааст.