Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи 20-уми октябри соли равон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни сафари дурӯзаи Ҳилларӣ Клинтон гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Рӯзҳои 22-23-юми октябр котиби давлатии ИМА аз пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд боздид ба амал оварда, бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Ба андешаи коршиносон, сафари расмии котиби давлатии ИМА ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чун сафари намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистону Покистон дар аввали моҳи октябр ба бад шудани муносибатҳои ИМА ва Покистон дар бахши мубориза бо терроризм вобаста аст.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки аҳамияти «хатсайри шимолӣ» барои таъмини нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон бо маҳсулоти таъиноти ғайринизомӣ, ки тавассути қаламрави кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мегузарад, рӯз то рӯз муҳимтар мешавад.