Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ва ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар робита ба қазияи маҳкум шудани халабонони рус ва таъсири манфии он ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо як изҳороти кушод ба сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари барнома оид ба муҳоҷирати кории ТҒД «Маркази ҳуқуқи инсон» Нодира Абдуллоева хабар дод.

«Мо ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти судии кишвар муроҷиат намуда, дархост менамоем, ки барои таъмини ҳуқуқ ба адолати мурофиаи судии халабонон мутобиқи меъёрҳои Сарқонун, ҳуқуқи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин асноди байнлмилалӣ оид ба риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда чораҳо андешида шаванд», - омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот ҳамчунин зикр мегардад, «бо назардошти иттилооти ВАО дар бораи маъракаи ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик, ТҒД-и Тоҷикистон ба президенти Русия Дмитрий Медведев ва дигар мақомоти дахлдори Русия муроҷиат намуда, дархост мекунад, ки ҳодисаҳои истирдоди муҳоҷирони корӣ набояд ба қазияи маҳкум шудани халабони рус дар Тоҷикистон рабт дода шаванд».

Ҳамчунин дар изҳорот аз намояндагии диломатӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия даъват карда мешавад, ки ҳодисаҳои ахири боздошти оммавии шаҳрвандони тоҷик дар Русия мавриди санҷиши дақиқ қарор дода шаванд.