Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ оид ба ҳавзаи интихоботии  Шоҳмансур № 3-и пойтахт чаҳор нафарро ба ҳайси номзад ба курсии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз ҳавзаи мазкур сабти ном кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон хабар доданд, ба сифати номзад ба вакилӣ намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тоҷир Сӯҳроб Оймаҳмадов ва ғайриҳизбӣ, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  Абдуқаҳҳор Турсунов ба қайд гирифта шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, номзадҳои сабтшуда шурӯъ аз фардо, 19-уми ноябри соли 2011, метавонанд ба маъракаи таблиғотии пешазинтихоботии худ оғоз намоянд.

Дар таърихи 17-уми октябри соли равон КМИР дар бораи баргузориии интихоботи вакили палатаи поёнии парлумони кишвар аз ин ҳавза дар санаи 18-уми декабри соли 2011 қарор қабул кард.

Ёдрас мекунем, ки пас аз даргузашти вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сафаралӣ Раҷабов ҷойи як вакил аз ҳавзаи интихоботии мазкур холӣ монд.

Ахири моҳи котябри соли ҷорӣ Ҳизби сотсила-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров як изҳороте пахш намуд, ки дар он аз тамоми аҳзоби сиёсӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳрим намудани маъракаи интихоби вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаи якмандатии №3-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъват ба амал оварда шуд.

«Тақдири интихобот дар кишвари мо маҳз дар комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ҳал мешавад, ки ба ҳайати онҳо маъмулан намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомиланд ва онҳо пинҳонӣ аз номзадҳои ҳизби ҳоким - Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд», - таъкид карда буд Зойиров.