Дар анҷумани 12-уми Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки рӯзи 4-уми декабр доир гардид, Раҳматилло Зойиров дар асоси алтернативӣ боз раиси ҳизб интихоб шуд. Ҳамчунин дар анҷуман оид ба Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) тағийри ном кардани ҳизб қарор қабул шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲУСДТ хабар доданд, ба вазифаи раиси ҳизб ба ҷуз номзадии Р.Зойиров, ҳамчунин номзадии сиёсатшинос Амният Абдулназаров, журналист Дилбар Самадова ва адвокат Шӯҳрат Қудратов низ пешбарӣ шуда буданд.

«То овоздиҳӣ А.Абдулназзаров ва Д.Самадова номзадии худро бозпас гирифтанд ва дар ҷараёни овоздиҳии пинҳонӣ Р.Зойиров нисбат ба Ш.Қудратов зиёдтар раъй ба даст овард», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, А.Абдулназаров, Д.Самадова ва Ш.Қудратов ҳамраисони ҳизб интихоб шудаанд.

Дар анҷуман аз ҳисоботи Шӯрои сиёсии ҳизб барои солҳои 2007-2011 ва ҳисобот комиссияи тафтишотӣ натиҷагирӣ шуда, Оинномаи ҳизб дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул шуд. Вакилон ҳамчунин вазифаҳои навбатӣ ва барномаи фаъолияти ҳизб барои солҳои 2011-2015-ро низ муайян карданд.

ҲУСДТ 18 марти соли 1998 дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Дар сафҳои худ 7 ҳазору 700 шаҳрвандони кишварро муттаҳид месозад. ҲУСДТ ҳизби мухолифи ҳукумат аст.