Дар чаҳорчӯби иштирок дар ҷаласаи ШВКХ САҲА, ки дар ш.Вилнюс (Ҷумҳурии Литва) 6-7 декабр мегузарад, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштирокдори ҷаласаи мазкур, як қатор вохӯриҳо анҷом дод. Аз ҷумла вохӯрии ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Гертсогии Бузурги Люксембург ҷаноби Жан Асселборн баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории миёни ду кишварро дар соҳаҳои фаъолияти бонкӣ баррасӣ намуданд ва изҳор доштанд, то ба муносибатҳои сиёсӣ тақвият бахшанд ва онҳоро ба сатҳи сифатан нав бароранд.

Ҳамчунин мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Австралия, ҷаноби Кевин Рудд сурат гирифт.

Дар рафти мулоқоти созанда Кевин Рудд ба сатҳи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Австралия баҳои баланд дод ва таъкид намуд, ки вақтҳои охир баъзе ширкатҳои хусусӣ ва доираҳои соҳибкории Австралия манфиатдор будани худро оид ба сармоягузории лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои кофтукови сарватҳои зеризаминӣ изҳор мекунанд. К. Рудд омодагии Ҳукумати худро барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаҳои хурд дар соҳаҳои минарӯбӣ, обёрӣ ва ҳалли масъалаи гендерӣ дар Тоҷикистон иброз дошт.

Ҳ.Зарифӣ ба ҳамтои худ барои иштироки ширкатҳои хусусии австралиягӣ дар азхудкунии захираҳои зеризаминии Тоҷикистон ва иҷрои амалии лоиҳаҳои мушаххас дар ҳудуди кишвар арзи сипос гуфт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон омодагии Ҳукумати кишварро ба рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни ду кишвар изҳор дошт.

Вазир ба К. Рудд дастгирии иҷрои баъзе лоиҳаҳои хурдро дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла БРСММ, ки барои беҳтар намудани обтаъминкунӣ дар деҳоту ноҳияҳои дурдаст ва азнавсозии инфрасохтори иҷтимоии онҳо нигаронида шудаанд, таклиф сохт. Ҳ.Зарифӣ изҳори умед кард, ки Австралия Тоҷикистонро барои пайвастан ба СУС ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Сергей Мартинов вохӯрӣ гузаронд.

Дар рафти вохӯрии барпошуда масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла имконияти дастрасӣ намудани сӯзишворӣ аз Беларус ба Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар вохӯрӣ бо ҳамтои худ – Вазири корҳои хориҷии Финляндия Еркии Туомия масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, вазъи Афғонистон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳ.Зарифӣ сатҳи хуби ҳамкориро миёни ду кишвар қайд намуд ва зарурияти таҳкими муносибатҳоро дар самтҳои гуногун таъкид сохт.

 Зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба ташкили сафари расмии Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Финляндия ба мувофиқа расиданд. Дар ин робита, ба ақидаи Вазир Ҳ.Зарифӣ, омодасозӣ ва баимзорасии ҳуҷҷатҳо ҳангоми сафари мазкур қисмати муҳими ин рӯйдод хоҳад буд.