Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар доир ба масъалаи истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ тайи 11 моҳи соли равон дар сохторҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ музокирот парлумонӣ доир карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, бино ба маълумоти гузориши раиси Кумитаи парлумон оид ба масоили кишоварзӣ ва экология Саиди Ёқубзод, маблағҳое, ки соли равон аз буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 21 млн. 246 ҳазору 754 сомонӣ ба вазорати мазкур ҷудо гардидаанд, то имрӯз пурра азхуд карда шудаанд.

«Зимни суханронӣ Ёқубзод таъкид кард, ки яке аз мушкилоти аслии ин соҳа дар он ифода меёбад, ки маблағгузорӣ ба барномаҳои давлатӣ оид ба масоили хоҷагии об кифоя нест», - гуфт манбаъ.

Ба қавли номбурда, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби кишвар ҳангоми суханронӣ дар назди вакилон ба онҳо итминон додааст, ки дар вазорати мазкур ҳар як сомонии маблағҳои буҷетӣ мувофиқи таъинот масраф хоҳад гардид.