Рӯзҳои наздик Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нарзулло Назаров ҳамроҳ бо Сафири Афғонистон д-р Насир Аҳмад Нур паёми муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расулро ба унвони Вазири корҳои хориҷии Миср д-р Муҳаммад Комил Амр, ки дар он барои иштирок дар Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) даъват ба амал омадааст, ба сардори раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат сафир Акрам Ҳамдӣ супориданд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат сафир А. Ҳамдӣ бо изҳори ташаккур аз даъвати Вазир барои иштирок дар конфронси мазкур қайд кард, ки Миср аз оғоз дар тамоми чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон фаъолона иштирок намуда, ҳамеша дар раванди сулҳ ва бозсозии ин кишвари дӯст саҳмгузор буд ва Конфронси панҷум, ки пазироии онро Тоҷикистон 26-27 марти 2012 дар шаҳри Душанбе ба зимма гирифтааст, метавонад дар ин росто нақши муҳимро бозад.

Ҳамзамон, дипломати мисрӣ иштироки кишвари худро дар сатҳи муносиб дар Конфронси Душанбе ва дигар чорабиниҳо дар ҳошияи он таъкид сохта, талошҳои пайгиронаи Тоҷикистонро дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ, ки ба манфиати Афғонистони ҳамсоя низ равона карда шудаанд, баланд арзёбӣ кард.