Чанде қабл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Бразилия дар Тоҷикистон (иқоматгоҳ дар Исломобод) Алфредо Леони мулоқот намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат Сафири Тоҷикистон З. Зубайдов қайд сохт, ки сатҳи робитаҳо миёни Тоҷикистону Бразилия ниёз ба рушду тавсеа дорад ва ҷонибҳо дар ин ҷода бояд саъю кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд. Ба сифати қадами аввали ба роҳ мондани ҳамкориҳо ташрифи Вазири корҳои хориҷии Бразилия дар вақти ба ӯ муносиб ба Тоҷикистон ва боздиди гурӯҳи тоҷирони бразилиявӣ аз ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.

Вобаста ба Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе баргузор хоҳад гашт, Сафири Бразилия тазаккур дод, ки кишвараш омода аст дар ин ҳамоиши байналмилалӣ иштирок намояд. Ӯ инчунин иброз дошт, ки Бразилия барои тақвият бахшидани муносибатҳо бо Тоҷикистон манфиатдор мебошад.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот бо Сафири Қувайт дар Тоҷикистон Наваф Абдул Азиз Аланазӣ (бо иқомат дар Покистон) масъалаҳои дуҷониба ва натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қувайт, ки рӯзи 2 феврали соли 2012 доир шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дипломати тоҷик муҷаддадан аҳамияти иштироки ҳайати Қувайтро дар Конфронси RECCA-V таъкид намуд. Ӯ иттилоъ дод, ки дар доираи Конфронс симпозиуми илмӣ низ барпо мегардад ва дар он иштироки як нафар мутахассис аз Қувайт зарур мебошад.

Зикр гардид, ки ҳамчунин мулоқоти роҳбари намояндагии дипломатии кишвар дар Покистон бо Сафири Давлати Қатар дар Тоҷикистон Саяр Абдул Раҳман ал-Мавдаҳ (бо иқомат дар Покистон) баргузор гардид, ки мавзӯи меҳварии он аз муносибатҳои дуҷониба ва иштироки ҳайати Қатар дар Конфронси RECCA-V иборат буд.

 Ҷониби Қатар изҳор намуд, ки ҳайати воломақоми Қатар дар ин Конфронс ва як нафар мутахассис низ дар симпозиуми илмӣ ширкат хоҳанд варзид.