Вазири корҳои хориҷии Чин Ян Тсзечи ба Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли равон дар Душанбе баргузор хоҳад гашт, расман даъват карда шуд.

Бино ба маълумоти хдадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Чин, сафирони Тоҷикистону Афғонистон дар Чин Рашид Олимов ва Султон Аҳмад Баҳин даъватномаро ба директори генералии департаменти Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ло Чжаохуэ супурдаанд.

Зимни мулоқот дипломати тоҷик дар бораи ҷараёни омодагӣ ба конфронси RECCA-V, доираи иштирокчиён ва барномаи пешакии он бо шумули чорабиниҳо аз қабили конфронсу симпозиумҳои илмӣ ва ғайра маълумоти муфассал дод.

Р.Олимов таъкид кард, ки «Чин дар рушди Афғонистон ҳамчун кишвари ҳамсоя ва узви Шӯрои Амнияти СММ нақши муҳим дорад ва дар талоши дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар Афғонистон саҳми босазо мегузорад».

Дар навбати худ Ло Чжаохуэ зикр кард, ки Чин ба ҳамкории минтақавии иқтисодӣ бо Афғонистон таваҷҷуҳи хосса дорад ва дар кори конфронс фаъолона ширкат хоҳад варзид.