Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо дархости сафири Шоҳигарии Камбоҷа дар Русия Ванна Тхай ӯро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои худ ва паҳлӯҳои ҷудогонаи ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.

Зикр гардид, ки мулоқот дар фазои дӯстонаву ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ сурат гирифт.