Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чанде қабл ҷиҳати ширкат дар конфронси байналмилаллии «Ваҳдати исломӣ» озими Теҳрон шуд.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин сафар раиси ҲНИТ М. Кабирӣ бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар макотиби олии Эрон таҳсили илм мекунанд, низ мулоқот оростанист, зеро чанд муддатест гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон хостори дидори раҳбари ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо онҳо шуда буданд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори конфронси 25-уми «Ваҳдати исломӣ» шахсиятҳои илмиву фарҳангӣ аз 50 кишвари дунё иштирок мекунанд. Конфронс дар меҳмонхонаи «Озодӣ» доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки ин конфронс ҳар сол тавассути «Маҷмаъи тақриби мазоҳиби исломӣ»- и Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мегардад.