Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ироюки Имохаширо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, вакили парлумон дипломати хориҷиро бо фаъолияти парлумони кишвар ошно сохта, таъкид кард, ки рушду густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба дар тамоми бахшҳо ба манфиати ҳам Тоҷикистону ҳам Ҷопон аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Дипломати Ҷопон ба вакили парлумони ҷумҳурӣ итминон дод, ки баҳри рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои дуҷониба аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад шуд», - афзуд манбаъ.