Дар Тоҷикистон то ҳанӯз сари масъалаи ниҳодҳои динӣ ба як қарори мушаххасе наомадаанд, то ҳанӯз дар мавзӯи нақш ва аҳамияти масҷид ҳамчун ниҳоди динӣ баҳсу мунозира идома дорад. Чунин ибрози андеша намуд дар ҷараёни кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоилҳои нав, мушкилот ва роҳу воситаҳои ҳалли он» дар Душанбе раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ.

«Зимни баррасии қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар парлумон ман кӯшиш кардам, ки аҳамияти масҷид барои мусулмононро шарҳ бидиҳам, зеро он нисбат ба нақши калисо дар дини насронӣ тафовут дорад, яъне мо масҷидҳоро ба масҷидҳои намози ҷумъаву ҷомеъ ҷудо намесозем. Вале чун мо ба андешаронӣ бо категорияҳои дигар одат кардаем, пас мушкилот рӯйи кор меояд. Мо ниҳодҳои динии худро дар асоси динҳои дигар бунёд кардаем. Аз ин рӯ, моро мебояд дар дохили худи давлати Тоҷикистон категорияҳо ва ниҳодҳои диниро муайян намоем», - гуфт Кабирӣ.

Дар робита ба шароити мусод фароҳам сохтан, ки қаблан вакили парлумон Сӯҳроб Шарифов дар ин бора ҳарф зад, Кабирӣ зикр кард, ки ба гумон аст, ки агар танҳо қонунӣ амал куниву дар парлумон ҷой дошта бошӣ, худро дар шароити мусоид ҳис намоӣ.

«Ман наметавонам бигӯям, ки мо худро бароҳату осуда ҳис мекунем. Вақте ВАО-и давлатӣ маълумоти бардурӯғ ба аҳолӣ пешниҳод мекунанду касро ба вазъи мушкил гузошта, ба посух гуфтан маҷбур месозанд, пас чӣ гуна метавон худро осуда ҳис кард? Ҳангоме ки мо аз ҷонибдорони худ даъват мекунем, ки ба ин гуна амалҳо посух нагӯянду бо муфтиёт миёни мардум баҳсу мунозира накунанд, ин ба табъи доираҳои муайян хуш намеояд», - иброз дошт раиси ҲНИТ.

Ба эътиқоди ӯ, дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон мушкилоти дигар ва маҳз мавҷуд набудани муколама дар дохили ҷомеа вуҷуд дорад. «Вақте мо дар бораи муколама ҳарф мезанем, мо бояд муайян намоем, ки он дар кадом шакл ва бо кӣ бояд сурат бигирад. То имрӯз ман муколамаи пурсамартареро ба ҷуз аз гуфтушуниди байни тоҷикон мушоҳида накардаам, зеро он замон вазифаи мушаххас хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш буд ва мо ба ҳадафи худ ноил гардидем. Имрӯз мо чӣ вазифаҳое дорем? Имрӯз муколама танҳо ба хотири муколама сурат мегирад», - мегӯяд Кабирӣ.

Ба қавли раиси ҲНИТ, имрӯз дар Тоҷикистон сатҳи муколама то ҳадди ниҳоӣ поин рафтааст. «Соли равон аз имзои созишномаи сулҳ 15 сол пур мешавад. Магар наметавон аз тафтиши созишномаҳои қаблӣ даст кашиду марҳилаи нави муколамаро оғоз намуд ва вазифаҳои нав гузошта, ба ҳалли он тавассути муколама ноил гардид?», - зикр кард вай.

Дар суханронии худ Кабирӣ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҳамчунин ба он ҷалб кард, ки дар ВАО бобати дар Тоҷикистон зиёд шудани шумори масҷид нисбат ба мактабҳо хабарҳо пайдо шудаанд.

«Раиси шаҳри Маскав лоиҳаеро эълом доштааст, ки тибқи он бояд ҳар як сокини Маскав то калисои наздиктарин пиёда рафта тавонад ва ин ҳам дар кишварест, ки дар як ҳафта як маротиба ба калисо мераванд. Дар кишваре, ки дар як рӯз панҷ маротиба ба масҷид мераванд, мо шумори масҷиду мактабҳоро муқоиса менамоем. Чунин омор гӯё бозгӯи он будааст, ки дар Тоҷикистон ба ислом гаравидани ҷомеа дар ҳоли афзоиши зиёд аст, вале ин муқоисаи нодуруст аст, инҳо ниҳодҳои гуногун мебошанд», - афзуд Кабирӣ.

Ёдрас мекунем, ки бо ибтикори медиа-гурӯҳи «Азия-Плюс», лоиҳаи IslamNews.tj ва Фонди ба номи Фридрих Эберт рӯзи 21-уми феврал дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоилҳои нав, мушкилот ва роҳу воситаҳои ҳалли он» конфронси байнулмилалӣ доир гардид.