Имрӯз дар шаҳри Брюссел ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон доир мегардад. Ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ роҳбарӣ менамояд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар назар дошта шудааст, ки зимни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, хусусан ҷабҳаҳои калидии татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ислоҳоти дохилӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, мавзӯи об ва муҳити зист, масоили байналхалқӣ ва ҳамкории минтақавӣ, инчунин дигар самтҳои муносибатҳои мутақобила мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

 Қобили ёдоварист, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон 13 декабри соли 2010 дар шаҳри Брюссел доир гардида буд.